Резиши санг дар ноҳияи Дарвоз боиси тахриби манзили зисти як хонавода шуд

© Хилватшо МахмудКамнепад в селе Сангев Дарвазского района ГБАО
Камнепад в селе Сангев Дарвазского района ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Резиши харсангу сангҳо аз кӯҳ дар деҳаи Сангеви ноҳияи Дарвози ВМКБ манзили зисти як хонаводаро тахриб кардааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Тавре, ки рӯзноманигори тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд дар саҳифаи Facebook-и худ хабар додааст резиши харсангу сангҳо аз кӯҳ  боиси тахриби манзили зисти як хонавода дар деҳаи Сангеви ноҳияи Дарвоз шудааст.

“Дар деҳаи Сангеви ноҳияи Дарвоз сангрезӣ  боиси валангор гардидани манзили зисти як хонавода ва иншоотҳои дигари ин хоҷагӣ гардида, роҳи мошингард қисман тахриб шудааст”, - таъкид намудааст Хилватшоҳи Маҳмуд дар Facebook.

Вай инчунин қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳаракати нақлиёт тавассути масир таъмин гардида, дар ҷои ҳодиса кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва сокинони маҳаллӣ фаъолият доранд.

Рӯзноманигор таъкид намудааст, ки дар ҳодисаи мазкур хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эълон кард, ки дар як сол бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон марги 12 нафарро ба қайд гирифтааст.

Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Чор қурбонӣ ва 2 миллион хисорот: зарари офати табиӣ ба Тоҷикистон

Бино ба иттилои манбаъ , панҷ нафар бар асари резиши санг, чаҳор нафар ба сабаби ва ду нафари дигар бар асари зарбаи раъду барқ ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи қарори ҳукумат Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои фавқулодда ба оилаҳои фавтидагон кумаки якдаъфаина ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ расонида шуд.

Инчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар моҳи январи соли равон дар кишвар 125 ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 8 нафар ҷони худро аз даст даданд.

Лентаи хабарҳо
0