ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Айни ҳол 78 ҳазору 400 нафар андозсупорандагон эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намудаанд ва дар ин самт чораҷӯиҳо идома доранд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.
Соли гузашта тибқи нақшаи тасдиқшуда ва дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба фаъолияти 1850 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуд. Дар натиҷа ба маблағи 722 млн. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби маблағҳои солҳои қаблӣ ошкоршуда дар маҷмўъ 704 млн. сомонӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид карда шуд.
“Дар ин давра дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз 4500 ҳолати бе қайди мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ, зиёда аз 3500 ҳолати бе шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб намудани коргарони кироя, 900 ҳолати бе қайди мақомоти андоз ба иҷора додани объектҳои молу мулки ғайриманқул ошкор карда шуда, ба қайд гирифта шуданд”,- зикр намудааст раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода.
Ба гуфтаи ӯ дар маҷмӯъ зимни анҷом додани корҳои назоратӣ зиёда аз 25 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор гардиданд. Нисбат ба онҳо ба маблағи 208,7 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуда, ба буҷаи ҷумҳурӣ 162 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд.