Идибек Қаландар, сафири навтаъин ба раисиҷумҳури Словакия эътимоднома супорид

© дафтари матбуоти ВКХ ТоҷикистонИдибек Қаландар, сафири навтаъини Тоҷикистон ба Андрей Киска, раисиҷумҳури Словакия эътимоднома супорид
Идибек Қаландар, сафири навтаъини Тоҷикистон ба Андрей Киска, раисиҷумҳури Словакия эътимоднома супорид - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Идибек Қаландар, сафири навтаъини Тоҷикистон дар Словакия ба раисиҷумҳури ин кишвар Андрей Киска эътимоднома супорид

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маросими супоридани эътимоднома 13 феврал дар шаҳри Братиславия сурат гирифт. Идибек Қаландар сафир дар Словакия бо қароргоҳ дар шаҳри Вена таъин шудааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки пас аз анҷоми маросими супоридани эътимоднома масъалаҳои мубрами равобити дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Словакия баррасӣ шуданд.

“Дар масъалаи ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ба вежа дар давраи раёсати Словакия дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мубодилаи афкор намуданд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Лентаи хабарҳо
0