Дар Истаравшан хусур келинашро бо табар кушт ва худро ба мақомот супурд

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкТопор, архивное фото
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мард рӯзи 14 феврал ба мақомоти милиса ҳозир шуда, гуфтааст, ки аз сабаби ҷанҷол дар хонаашон келинашро бо табар шаш маротиба зада, ба ҳалокат расонидааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik.  Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкор шудани куштори келин аз дасти хусур дар Истаравшан хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршаванда баъди куштор худро ба мақомот супурдааст.

Гуфта мешавад, марди 52-солаи сокини деҳаи Қалъачаи-Калони шаҳри Истаравшан ба мақомот муроҷиат намудааст, ки рӯзи 14-уми феврал, тахминан соати 13:00-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо келинаш, зани 27-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо табар 6-маротиба ба аъзои баданаш задааст. 

Дар натиҷа, келинаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0