Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевДети играют на улице зимой, архивное фото
Дети играют на улице зимой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикстон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳаво аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва барфи тар меборад. Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ барфи шиддатнок борида, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боришот шиддат ёфта, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0