Соҳили дарёи Сир чароғонтар шуд

© Sputnik / Борис Ушмайкин / Гузариш ба медиабонкМост через реку Сырдарью. Архивное фото
Мост через реку Сырдарью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон сохтмону азнавсозии 510 иншооти таъиноташ гуногун идома дорад

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода имрӯз корҳои чароғонкунӣ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хучанд аз ҳудуди Боғи Камоли Хуҷандӣ то беморхонаи шараёни дил ба анҷом расонида шуд.

Дар соҳили Сир бо фармони Аҳмадзода фитнес месозанд - Sputnik Тоҷикистон
Бо дастури Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд дар соҳили Сир "фитнес"-и ройгон месозанд

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин масир аз ҷониби қитъаи чароғонкунии шаҳр беш аз 150 адад чароғпояҳои муосир насб гардиданд, ки ба ҳусни шаҳр, бахусус соҳили дарёи Сир ҷилои нав бахшидааст.

Инчунин манбаъ ёдрас таъкид намудааст, ки ба таври замонавӣ чароғонкунии кўчаҳои Аминҷон Шукӯҳӣ, Себзор ва Хуҷанд дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, корҳои насби равшанкунакҳо бомаром идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0