Пирзода дар бораи фурӯши “Тоҷиксодиротбонк” ба арабҳо, пули мардум ва бонки исломӣ

© Sputnik / Игорь ЛекаркинТоджиксодиротбанк. Архивное фото
Тоджиксодиротбанк. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк” нияташ барои фурӯши бонк ба сармоягузорони Арабистони Саудиро тасдиқ карда, дар мавриди тақдири пули мизоҷон ва нақшаҳояш суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Пирзода мегӯяд, дороии бонк ба ҳолати декабри соли 2018 ба 3 миллиарду 928 миллион сомонӣ баробар мебошад. Ин нишондод дар интиҳои соли  2016 ба 5 млрд. 117 млн. сомонӣ ва дар охири соли 2017 ба 4 млрд. 142 млн. сомонӣ баробар будааст.

Пожилой человек сидит на скамейке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон фоизи бонк аз хидмат ба нафақахӯронро кам кард

Нашрияи “Садои мардум” мусоҳибаи рӯзноманигор Хуршеди Ҳамдам бо Пирзодаро нашр кардааст, ки дар он раиси “Тоҷиксодиротбонк” коҳиши дороиҳоро ба иҷрои уҳдадориҳо дар назди мизоҷон рабт додааст.

“Бақияи маблағ дар ҳисобҳои мизоҷон — шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ моҳи ноябри соли 2016 3 млрд. 11 млн. сомонӣ, интиҳои соли 2017 887 млн. сомонӣ ва дар моҳи декабри соли 2018 749,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, яъне бақияи маблағ дар ҳисобҳои мизоҷон дар давраи мавриди назар 2 млрд. 261 млн.сомонӣ, ё 75,1 % кам гардидааст”, - изҳор доштааст Пирзода.

Ба гуфтаи раҳбарияти бонк, бақияи маблағ дар ҳисобҳои шахсони воқеӣ охири соли 2016  1 млрд. 423 млн. сомонӣ, интиҳои соли 2017 767 млн. сомонӣ ва то 31 декабри соли 2018 631 млн. сомониро ташкил намуд.

Рухулло Хакимзода на пресс-конференции Амонатбанка - Sputnik Тоҷикистон
Раиси "Амонатбонк" гуфт, бонк то соли 2019 пурра аз қарз халос мешавад

Пирзода бо зикри ҷамъбасти мусбати фаъолияти бонк тайи ду соли охир илова намудааст, ки аз 27 банди стратегияи солимгардонӣ, як банд, яъне ҷалби сармоя то ҳол ҳал нашудааст

“Вале бо ширкатҳои арабӣ, чинӣ ва ҳамчунин ширкатҳои аврупоӣ шартнома бас­тем. Дар назар аст, баъд аз 1 ё 2 моҳ ҳатман маблағ ворид мешавад ва вазъи бонкро дар муҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати мамлакат беҳтар менамоем”, - изҳор доштааст ӯ.

Вай таъкид намудааст, ки алҳол зиёда аз 30 дарсади сармояи бонкҳои ҷумҳурӣ дар “Тоҷиксодиротбонк” аст ва ҳар гуна овозаҳо атрофи он сад дарсад бепоя ҳастанд.

“Мо вазъиятро дуруст мекунем ва барои ин амволи хеле зиёд дорем. Онҳоро хоҳ арзон мегиранд ё қимат, фурӯхта, пули мардумро дода истодаем. Вале баъзе аз амвол ҳаҷман бузурганд ва нархҳояшон низ баланд. Масалан, то сад ва 500 миллион сомонӣ. Барои фурӯши онҳо ҳам кор карда истодаем”, - гуфт раиси “Тоҷиксодиротбонк”.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мудири "Тоҷикпромбонк" ба иттиҳоми дуздии маблағҳои ҳангуфти бонк дастгир шуд

Ба суол, дар мавриди пули мардум дар “Тоҷиксодиротбонк” Пирзода посух додааст, ки феълан камтар аз 600 миллион сомонии шахсони воқеӣ, яъне шаҳрвандони мамлакат боқӣ мондааст.

“Албатта, ба дараҷае ки лозим аст, беҳбуд наёфтааст, вале ҳар моҳ ба мардум на камтар аз 3-4 миллион сомонӣ пардохт карда истодаем. Ҳамчунин, чизи дигарро низ қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳоли ҳозир аз мардум маблағ намегирем, яъне,  амонат ҷалб намекунем, вале маблағ дода истодаем”, - илова намудааст Пирзода.

Дар мавриди хабарҳо барои пардохти 51 дарсади саҳмияҳо ба сармоягузорони Арабистони Саудӣ Пирзода тасдиқ кардааст, ки чунин нақша вуҷуд дорад.

“Баъзе аз шартномаҳо баста шуданд. То охири сол воридшавии маблағ дар назар буд, вале баъзе мушкилоти молиявие ҳаст, ки онҳоро ҳисобу китоб ва омӯхта истодаанд, шояд то 6 моҳи дигар ин раванд давом кунад. Моҳи марти соли 2018 мо низ сафар доштем ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва дар он ҷо бо роҳбари ин гурӯҳи сармоягузорӣ протоколи ҳусни тафоҳум имзо кардем. Вақте ки гурӯҳи сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба кишвар ташриф оварданд, дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати молия, Бонки миллӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хулоса омадем, то 51 дарсади сармояро ба онҳо фурӯшем. Умуман, дар ин самт кор ҷараён дорад”, - иттилоъ додааст Пирзода.

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таъкиди раисиҷумҳур ба камбуди доллар ва мушкилоти Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк

Ӯ тавзеҳ додааст, ки тибқи қонуни ҷамъиятию саҳомӣ, агар нафаре аз 50 дарсад як саҳмия зиёд гирад, ҳаққи иваз ё таъин намудани роҳбариятро дорад, умуман, салоҳият дар дасти ӯ мешавад.

Ба суол дар мавриди коҳиши фоизи қарзҳои бонкӣ, ки пайваста аз Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳҳои гуногун талаб карда мешавад, Пирзода посух додааст, ки Бонки миллӣ супориш дода наметавонад, ки фоизи бонкиро боло ё поён барем.

“Мизони фоизӣ вобаста аст аз ҷалби амонати ҷалбкардашуда ва мо айни замон, чӣ хеле ки гуфтам, амонат нагирифта истодаем, дар талоши баргардонидани қарзҳои пешина ҳас­тем. Қарзҳои наве, ки  шояд 2 миллион дода бошем, фоизашро паст кардем. Барои мисол, фоизи қарзи доллариамон аз 8 то 15% ҳаст ва фоизҳои қарзи наве, ки додем, бо сомонӣ аз 18 то 24% аст”, - изҳор доштааст раиси “Тоҷиксодиротбонк”.

Лентаи хабарҳо
0