ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон Амри Президентро таҳти рақами № АП - 1165 аз 9 феврали соли равон мунташир кард.
Дар он бораи баргузории озмуни бузурги ҷумҳурияӣ "Фурӯғи субҳи доноӣ..." гуфта мешавад.
Бино бар амри раисҷумҳур, озмун бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон, таҳти сарпарастии президент баргузор гардида, дар он хонандагон, донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, докторантҳо ва дигар шаҳрвандони кишвар иштирок карда метавонанд. Вазорати молия бари баргузории "Фурӯғи субҳи доноӣ..." аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раисҷумҳур 310 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунад.
Гуфта мешавад, мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад.
Масъули баргузории озмун комиссияи озмун мебошад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
"Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи январи соли 2019 то моҳи декабри соли 2019 идома меёбад. Аз аввали моҳи январ то 10 июни соли 2019 барои хондани асарҳо ва аз ёд кардани шеъру достонҳо (интихоби жанр, хондани асар ва миқдори аз худ кардани мисраъ ба қобилияти иштирокчӣ вобаста аст) вақт дода мешавад", - омадааст дар замимаи амри президент.
Даври якуми озмун нимаи дуюми моҳи июн дар маркази деҳот ва шаҳрак ҷамъбаст мегардад.
Даври дуюми озмун моҳи июл дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) баргузор мешавад.
Аз охири моҳи июл то охири моҳи октябр ба мақсади хондани китоб ва аз ёд кардани ашъори адибон барои ғолибоне, ки дар озмуни вилоятӣ ва шаҳри Душанбе иштирок менамоянд, вақти иловагӣ дода мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз ин вақти иловагӣ истифода карда, ба ҷамъбасти даври чорум омодагӣ мегиранд. Озмуни даври чорум барои ин шаҳру ноҳияҳо моҳи ноябр дар муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" баргузор мегардад.
Даври сеюми озмун дар маркази вилоятҳо, шаҳри Душанбе нимаи дуюми моҳи ноябр баргузор мешавад.
Хулосаи ҳайати ҳакамон ба комиссияи озмун бо имзои раиси вилоят, шаҳр, ноҳия ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.
Даври чоруми озмун барои ғолибон то 20 декабри соли 2019 дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҷамъбаст мешавад.
Ҷараёни баргузории озмун дар телевизион намоиш дода мешавад.
"Омӯзгорон ва устодоне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, бо нишони ифтихории "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Ифтихорнома"-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Ифтихорнома"-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Сипоснома"-и муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" сарфароз карда мешаванд", - менависад дафтари матбуотии президент.
Дар рӯйхати адибоне, ки барои аз худ кардан ва хондан тавсия дода мешавад, осори Рӯдакӣ, Саноӣ, Аттор, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҳилолӣ, Бедил, Соиб, Шоҳин, Туғрал, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор Фарзона ва дигарон номбар шудаанд.
Бо рӯйхати пурраи адибон ва шартҳои озмун метавонед аз дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон шинос шавад.
Шоҳҷоизаи озмун 50 ҳазор сомониро ташкил дода, ҳамаи ғолибонро унвону мукофотпулӣ ва тӯҳфаҳо интизор аст.