IRS: роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан баста шуд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкДорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати роҳбони IRS, ки масъули нигоҳдории роҳи Душанбе – Хуҷанд мебошад, аз мутаваққиф шудани ҳаракати нақлиёт дар ин масир хабар дод

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Тибқи эълони IRS бинобар барфрезии шадиду беист ва хавфи тармафароӣ, бар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ба ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд.

Прохожий во время снегопада, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоид дар Тоҷикистон ва тармаҳо

Ширкат таъкид кардааст, ки феълан барои бартарафсозии тармаҳо корҳо ҷараён доранд ва иловатан ба шаҳрвандон дар бораи вазъи роҳ иттилоъ ироа хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки рӯзҳои 13-16 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма меафзояд.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз шаҳрвандону меҳмонон даъват намудааст, ки то ҳадди имкон аз сафар тариқи роҳҳои куҳӣ худдорӣ намоянд.

Ба сокинони навоҳии куҳӣ маслиҳат дода шудааст, ки дар ин рӯзҳо ба чарогоҳҳо, шикор, ҷамъоварии ҳезум, молчаронӣ ва моҳидорӣ нараванд.

Дар хитоб ба ронандагон таъкид шудааст, ки эҳтиёткор бошанд ва фосилаи бехатариро риоя намоянд.

Лентаи хабарҳо
0