ФСБ яке аз роҳбарони ҲНИТ-ро аз Русия ба Тоҷикистон истирдод кард

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкБронежилет и рация сотрудника ФСБ РФ, архивное фото
Бронежилет и рация сотрудника ФСБ РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Самара роҳбари шӯъбаи "Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон" Баротов Р.М. боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Кормандони ФСБ Русия дар вилояти Самара раиси шӯъбаи "Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон" (ҲНИТ, мамнӯъ дар Тоҷикистон)-ро боздошт карданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Русия хабар медиҳанд.

"Баротов Р.М-и 52-сола, раиси шӯъбаи ҲНИТ мебошад. Пас аз он ки ҳизб дар соли 2015 дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд, Баротов ба Русия омада, фаъолияташро ба хотири манфиатҳои ҳизб идома додааст", - гуфта мешавад дар хабар.

Ба иттилои тафтишот, вай дар вилояти Самара ақидаҳои ташкилотро паҳн мекард ва шаҳрвандонро ба сафи он ҷалб менамуд.

Боздоштшуда аз Русия ихроҷ ба дасти мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон супорида шуд.

Ёдрас мешавем, дар охири соли 2015 Суди Олии Тоҷикистон бо даъвои додситони кулли Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломро террористиву экстремистӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар ҳудуди кишвар мамнӯъ намуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ташкилоти терористиву экстремистии "Ҳизби наҳзати ислом" бо кӯшиши табаддулоти давлатӣ чеҳраи ҳақиқи худро зоҳир кард.

Лентаи хабарҳо
0