Дуздӣ ҳангоми намози пешин дар масҷиди Хуҷанд

© Sputnik / Стас ЭтвешВзятка, архивное фото
Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурини милисаи шаҳри Хуҷанд аз боздошти марди 32-сола барои дуздӣ дар дохили масҷид хабар доданд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба идораи милиса дар Хуҷанд марди 33-сола, сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри мазкур муроҷиат карда, арз доштааст, ки маблағашро дар масҷиди ҷомеъ дуздидаанд.

Дильшод Исматуллозода  - Sputnik Тоҷикистон
Масраф камтар, даромад бештар: Раиси нави "Тоҷик Эйр" роҳҳои наҷоти ширкатро гуфт - Садо

Бар асоси аризаи ҷабрдида, 8-уми январи соли 2019, тахминан соати 13:30, ҳангоми дар дохили масҷиди ҷомеаи “Бобохуҷа” қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1580-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ба иттилои ВУД, маъмурини милиса бо ҷурми дуздӣ марди 32-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳро боздошт кардаанд, ки пеш бо моддаҳои 265 – ғайриқонунӣ додани кредит ва 245 – азхудкунӣ ё исрофкории Кодекси ҷиноӣ суд шудааст.

Манбаъ афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0