Ҳашт роҳе, ки Кобулу Душанбе ва Тошкандро мепайвандад

Обуна шудан
Тоҷикистон ба густариши бештари муносибатҳои тиҷоратӣ бо Афғонистон алоқамандӣ дорад

Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо ин кишвари дӯсту ҳамсоя мебошад.

Александр Мантыцкий, Чрезвычайный и Полномочный Посол Российской Федерации в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Афғонистон аз диди сафири Русия: аз нияти Маскав то нақши Покистону талаби "Толибон"

Ҳоло минтақаҳои марзӣ Тоҷикистону Афғонистонро 7 пул мепайвандад. Тошкандро бо Афғонистон пули роҳи оҳан мепайвандад. Сохтмони пулҳо дар Тоҷикистон болои рӯди Панҷ бо маблағгузории созмонҳои байналмиллалӣ сурат гирифтааст.

Қарор аст, сохтмони пули ҳаштум дар марзи Тоҷикистону Афғонистон баҳори соли 2019 оғоз ёбад. Ин пул деҳаи Кокули ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро бо ноҳияи Ойхоними вилояти Тахори Афғонистон пайваст хоҳад кард.

Дар сурати ба итмом расидани сохтмони пул дар минтақаи Кокули Фархор дар умум 8 пул Тоҷикистонро бо Афғонистон пайванд мекунад. Бузургтарин пули байнимарзӣ дар Панҷи Поён аст, ки бо маблағгузории Амрико бунёд гардидааст.

Дар назди ин пулҳо бозорҳои наздимарзӣ боз шудаанд. Мардуми минтақаҳои наздисарҳадӣ имкон пайдо карданд, бо ҳам додугирифт кунанд. Яке аз бозорҳои фаъол дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон аст.

Одатан шанбеи ҳар ҳафта то 400 тоҷири афғон бо иҷозатномаву гузарномаи махсус ва санҷиши молашон аз ин пулҳо убур карда, вориди бозори Тоҷикистон мешаванд ва дар бозори муштарак молу колоҳои худро ба фурӯш мегузоранд. Фаъолияти бозорро ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ  назорат мекунанд.

Дар солҳои пеш аз истиқолият дар минтақаи Бадахшон ҳамагӣ як пул дар ноҳияи Ишкошим воқеъ буд, ки Тоҷикистону Афғонистонро мепайваст. Он ҳам дар солҳои ҳузури нерӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон ва бештар ба мақсади интиқоли лавозимоти низомӣ бунёд гардида буд.

Александр Князев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Князев: Русия ба музокироти сулҳи Афғонистон дар Маскав аҳамияти хос медиҳад

Айни ҳол аз болои пулҳои фаромарзӣ корвони пурбори автомашинаҳо бо молу мавод равуо доранд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки имкониятҳои транзитии Афғонистон бояд барои рушди тиҷорати байниминтақавӣ хидмат кунанд ва ин кишвари дӯст аз тиҷорату транзит ҳамчун абзори муассири инкишофи иқтисодии кишвар ва ҳамкориҳои судманди минтақавӣ истифода намояд.

Тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ ҳам ба нафъи мардуми Афғонистон ва ҳам ба нафъи рушди босуботи минтақа аст.

Лентаи хабарҳо
0