ДУШАНБЕ, 12 фев - Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи таҷлили 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарори вижа ба имзо расонидааст.
Бино бар иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе, қарори раиси шаҳр таҳти рақами 75 имрӯз, 12 феврал ба тасвиб расидааст.
"Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замима тасдиқ карда шавад", - гуфта мешавад дар банди аввали қарор.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкур вазифадор шудаанд.
"Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ” ва бехатарии зиддисӯхтор чораҳои зарурӣ андешанд", - мегӯяд раиси шаҳр дар банди севуми қарор.
Ҳамасола таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро 23 феврал таҷлил мекунанд, ки ин ид байни ҷомеаи кишвар ба номи "иди мардон" низ маъмул аст.