Кудаконатонро эҳтиёт кунед: Ҷасади Юсуфҷон аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо шуд

© Sputnik / Амир Исаев"Ид муборак": как в Таджикистане отметили Ид аль-фитр
Ид муборак: как в Таджикистане отметили  Ид аль-фитр - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юсуфҷони 5-сола 31 январ дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ нопадид шуд. Ба гуфтаи падараш волидон бехабар монданд, ки чи гуна писарак аз хона берун шудааст

ДУШАНБЕ, 12 фев - Sputnik. Ҷасади Юсуфҷони Ҷӯйбодомӣ аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо шуд, иттилоъ додааст рӯзноманигорӣ тоҷик ва яке аз корбарони фаъоли  Facebook  Шаҳлои Наҷмиддин.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш баъзе аз расонаҳои хабарӣ аз бедарак шудани Юсуфҷони 5- сола, ки зодаи деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, иттилоъ дода буданд. Юсуфҷон 31 январ аз хона баромада бедарак шуда буд. 

“11 феврал баъди ҷустуҷӯйи зиёд ҷасади Юсуфҷонро аз хочатхонаи хамсоя волидайн пайдо карданд”, - навиштааст дар Facebook Шаҳлои Наҷмиддин. 

Опубликовано видео, на котором предполагаемый убийца пятилетней девочки идет с сумкой к оврагу - Sputnik Тоҷикистон
Борхалта бо ҷасад дар пушт: сабти қотили духтарчаи тоҷик (НАВОР)

Падари Юсуфҷони 5-сола Саидов Абдувалӣ гуфтааст, ки бори охир писарашро фурушандаи мағозаи деҳа дидааст.

“31 январ писарам ба мағоза даромада аз фурушанда хоҳиш намудааст, ки тангаашро майда кунад. Фурушанда бо нармӣ ба кӯдак гуфтааст, ки ин танга худаш 20 дирам аст ва кирои майда карданро надорад. Сипас Юсуфҷон бо чашми гирён аз мағоза берун рафта дигар касе ӯро надидааст”, - гуфт вай.

Вай таъкид намудааст, ки  онҳо бо аҳлу оила тамоми деҳаро кофтукоб карданд ва дирӯз ҷасади пасарашро дар ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо намуданд.

“Ин барои мо як даҳшат аст. Ҷасадро бо дили гирён ба хок супоридем”, - гуфт Саидов Абдувалӣ.

Вай зикр кард, ки дар ҳоли ҳозир дар ин бора дигар чизе гуфта наметавонад.  

Абдувалӣ аз он ки писараш худаш бозӣ карда ба он ҷо афтида аст ё ин ки фарзияи дигар ҷой дорад худдорӣ кард. Волидайни Юсуфҷон дар ҳоли ҳозир интизори натиҷаи тафтишот мебошанд.

Падари Юсуфҷон Абдувалӣ таъкид намудааст, ки то имрӯз бо ягон ҳамсоя хусумату ҷанҷол надоштааст.

Лентаи хабарҳо
0