ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ба 82174 оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 21 884 429 сомонӣ ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ пардохт гардид.
Ба гуфтаи вай, тибқи дархостҳои комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ дар давоми соли 2018 дар 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар ҳудуди онҳо барои оилаҳои камбизоат пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ гардидааст, ба 82174 оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 21 884 429 сомонӣ ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ пардохт гардид.
Инчунин, ба зиёда аз 106 ҳазор хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 2 миллиону 095 ҳазору 580 сомонӣ кӯмакпулӣ таъин ва пардохт карда шудааст.
Насим Олимзода ҳамзамон зикр кард, ки дар доираи барномаи таҷрибавии кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба зиёда аз 94 ҳазор камбизоат низ кӯмакпулии иҷтимоӣ пардохта шудааст.