ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки 120 довтлаб Фестивал – озмуни шаҳрии “Чакомаи гесў” баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.
Бино бар иттилои манбаъ, 120 нафар довталабони Фестивал – озмуни шаҳрии “Чакомаи гесў” аз рӯйи номиннатсияҳои: “Беҳтарин ороиши мӯйбофии миллӣ”, “Беҳтарин ороиши замонавии мӯйи бонувон”, “Гесӯи дарозтарин”, “Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин”, “Беҳтарин ороиши мӯйи кӯдакона”, “Беҳтарин рассом” ва “Беҳтарин ороиши бадеии мӯй” бо ҳам рақобат намуданд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамот Шоҳсанам Юлдошева, донишҷӯйи коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд дар номиннатсияи “Гесӯи дарозтарин” бо дарози гесӯи 1 метру 45 сантиметр ғолибият ба даст оварда, ҳамзамон соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал – озмуни шаҳрии “Чакомаи гесӯ” гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода қайд кард, ки мақсади асосии баргузории Фестивал тақвияти муаррифии сарулибоси миллӣ, ороишу парвариши мўй, ҳунари волои машшотаҳо ва бадин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии арўсбарон, мўйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва намоиши гесўи дароз, суруду рақс, таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳёи эҷодиёти даҳонии халқ мебошад.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ғолибони озмун мукофотҳои пулӣ ва барои иштирокчиён тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.