Дар як сол 80 ҳазору 330 навзоди тоҷик ба таври ройгон амалиёти хатнаро гузаштанд

© PixabayРебенок, архивное фото
Ребенок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тайи соли 2018 дар Тоҷикистон 80 ҳазору 330 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии кишвар.

Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Рашт 80 кӯдакро ройгон хатна карданд

Дар асоси тағйиру иловаҳои ахире, ки моҳи августи соли 2018 ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда шуд, маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20-рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад.

Ҳамчунин соли сипаригашта дар кишвар бо мақсади гузаронидани маросими хатна дар муассисаҳои тиббӣ 586 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ омода карда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва инчунин ҷарроҳони соҳибтаҷриба таъмин гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2017 ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо қабул шуда буд, ки дар моддаи 9-и  қонуни мазкур чунин омадааст: “Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шавад”.

 

Лентаи хабарҳо
0