Афзоиши ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва саҳми Узбакистон дар он

© PixabayПутешественник, архивное фото
Путешественник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба сабаби сиёсати “дарҳои боз”-и ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ мондани раводиди электронӣ, муаррифии зарфиятҳо ва имкониятҳои туристии кишвар вобаста будааст

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik.  Нӯъмон Абуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ эълон кард, ки давоми соли 2018 ба кишвар беш аз 1 миллиону 155 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ ташриф овардааст.

Женщины фотографируются на фоне Мавзолея Шейха Муслихиддина в городе Худжанде в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар 11 моҳ беш аз 56 ҳазор сайёҳ аз Хуҷанд дидан кардаанд

“Сайёҳони хориҷӣ аз меҳмоннавозии тоҷикон ва манзараҳои нотакрори табиати кишварамон баҳравар гардидаанд”, - таъкид кард вай.

Инчунин вай таъкид намуд, ки омори пешниҳодшуда нисбат ба соли 2017  2,6 баробар зиёд мебошад.

Нӯъмон Абуғаффорзода раванди афзоиши  ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакатамонро ба сиёсати “дарҳои боз”-и ҳукумати Тоҷикистон, ба роҳ мондани раводиди электронӣ, муаррифии зарфиятҳо ва имкониятҳои туристии кишвар, инчунин тавсеаи муносиботи  гуногунсоҳа байни Тоҷикистону Узбакистон рабт дод.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ афзуд, ки танҳо тайи соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 700 ҳазор сайёҳ аз Узбакистон ташриф овардаанд, ки ин раванд баёнгари рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0