ДУШАНБЕ, 8 фев. — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13-18 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 25-30 ва рӯзона 11-16 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона аз 3-8 то 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 9-14 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 10-15 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -4+1 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 6-8 дараҷа сард шуда, рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.