ДУШАНБЕ, 8 фев. — Sputnik. Мудири ширкати "Седьмой континент"-ро кормандани Вазорати умури дохила ба иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дастгир кардаанд.
Бино бар иттилои манбаъ, мудири ширкат, марди 48-сола, моҳҳои январ-марти соли 2012 бо роҳи фиреб ба боварии директори ҶДММ "Бобоҷон", марди 50-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав даромада, аз ӯ ба миқдори 653 663-литр сӯзишвории навъи АИ-92 (бензин)-ро ба маблағи 796 453 доллари амрикоӣ гирифтааст.
"Сипас, сӯзишвориро фурӯхта 60 000-доллари амрикоиро ба ҶСК "Агроинвестбонк" ҳамчун қарз супорида, боқимонда 736 453-доллари дигарро то ҳол барнагардонидааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.