Иштироки олимони Тоҷикистон дар ҳамоиши бузургдошти Навоӣ дар Узбакистон

© Пресс-служба президента УзбекистанаПарк имени Низомиддина Алишера Навои в Душанбе
Парк имени Низомиддина Алишера Навои в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олимони Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии бузургдошти адиб ва шоир Алишер Навоӣ дар Узбакистон иштирок карданд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, ҳамоиши байналмилалии бузургдошти  донишманди зуллисонайн дар шаҳри Навоӣ, зери унвони “Нақши мероси Алишери Навоӣ дар таҳаввули маънавият ва маорифи башарӣ” баргузор гардид.

Строители Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон сохтмони 2 нерӯгоҳ дар Тоҷикистонро баррасӣ дорад

Ба иттилои манбаъ дар ин чорабинӣ олимони беш аз 15 кишвари олам, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон, Русия, Ҳоланд, Туркия, Ҳиндустон, Афғонистон, Озарбойҷон, Кореяи Шимолӣ, Қазоқистон иштирок доштанд.

“Кишвари моро гуруҳи олимон дар ҳайати академик Кароматулло Олимов, профессори ДМТ Бадриддин Мақсудов, устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Раҷабалӣ Хидиров, устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Нуралӣ Нурзод, Муътабар Шарифова, корманди муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Нуъмонҷон Неъматов  намояндагӣ намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар худи Узбакистон ҳамасола 9 феврал Рӯзи бузургдошти Алишер Навоӣ таҷлил мегардад.

Лентаи хабарҳо
0