ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 се ҳазору 581 нафар ё 1 дарсад камтар шудааст, иттилоъ додааст Эмин Сангинзода, муовини якуми Вазири меҳнати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.
Бино бар итттилои манбаъ, 424 ҳазору 490 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ соли гузашта ба Ватан баргаштаанд, ки аз хусусияти мавсимӣ доштани муҳоҷирати меҳнатӣ дарак медиҳад.
Эмин Сангинзода, гуфт, ки вазъи будубош ва фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дар муқоиса ба солҳои пешин беҳтар гаштааст.
Хамчунин афзуд, ки яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ –ин дар мамлакат таъсис додани ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад.
Ба иттилои номбурда, ҳамкорӣ бо давлатҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла бо Русия Қазоқистон тақвият ёфта, соли 2018 масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои мухталифи муҳоҷирати меҳнатӣ бо ин кишварҳо дар 7 ҷаласаву вохўриҳо, нишастҳои сатҳи баланд ва гурўҳҳои кориву коршиносон баррасӣ гардиданд.
Масъулини вазорат таъкид намуд, ки айни ҳол ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба ғайр аз Русия ва Қазоқистон бо давлати Қатар низ тавсеа меёбад.
Масъулини вазорат гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир Вазири меҳнат Тоҷикистон Сумангул Тағойзода барои баррасии ин масъала ба ин кишвар сафар кардааст.
“Бо ин мақсад ояндаи наздик гурӯҳи кории коршиносон байни Тоҷикистон ва Қатар таъсис дода мешавад, ки дар он масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт”, - афзуд Эмин Сангинзода.