Шаш паҳлавони ҷудокори тоҷик дар “Paris Grand Slam-2019” иштирок мекунанд

CC BY 3.0 / wikimedia / Дзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 6 узми тими мунтахаби ҷудои кишвар дар мусобиқаи “Paris Grand Slam-2019” рӯзҳои 9-10 феврал ширкат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар “Paris Grand Slam-2019”  Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило, Сомон Маҳмадбеков -73 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов -81кило, Комроншоҳ Устопириён -90 кило, Саидҷалол Саидов -100 кило, Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило қувваозмоӣ мекунанд.

Манбаъ бо такя ба Федератсияи байналмилалии ҷудо навиштааст, ки дар мусобиқа 609 варзишгар - 360 мард, 249 зан аз 98 кишвари дунё дар назар аст.

Хазинаи ҷоизавии мусобиқа 150000 доларро ташкил дода, барои ҷои аввал 5000 доллар, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ пешбинӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0