ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Як гурӯҳ модарону занони сокини пойтахт, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ хоҳиш кардаанд, ки дар роҳандозии воми дарозмуддати камбаҳра барои харидории хона ё ба истилоҳ ипотека дар пойтахт мусоидат кунад. Муроҷиатномаи занон дар гурӯҳи "Модарони тоҷик" мунташир шудааст.
Ба гуфтаи онҳо, гаронии арзиши манзил дар Душанбе бисёре аз хонаводаҳоро маҷбур кардааст, ки иҷоранишинӣ кунанд.
"Нотавонии молӣ дар хариди хона яке аз омилҳои аслии хонавайрон шудани хонаводаҳои ҷавон низ ҳаст. Чун дар як хона аксаран якчанд хонавода ба сар мебаранд, аз тангии хонаҳо ва бисёрии аъзои хонаводаҳо ногузир миёни хешовандон – хушдоману сунорҳо ва ҳеварҳо бо якдигар ҷанҷол сар мезанад, ки ба даъвову додгоҳ мекашанд ва хонаводаҳоро аз ҳам мепошанд", - таъкид мекунанд онҳо.
Аз ин рӯ, мо аз номи ҳама бонувони Тоҷикистон аз Шумо дархост мекунем, ки барои пешгирӣ аз хонавайрон шудани шаҳрвандон, бавижа ҷавонон, дастур фармоед Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои осонсозии хариди хона чораҷӯӣ кунад. Бисёр хуб мешуд, агар шаҳрдорӣ бо бонкҳои Тоҷикистон барномаи воми дарозмуддату камбаҳра барои хариди хонаро роҳандозӣ мекард, афзудаанд, корбарони гурӯҳи "Модарони тоҷик".
Пештар Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали раиси шаҳри Душанбе, зимни суҳбат дар мавриди биноҳои нотамом, ки боиси саргардонии шаҳрвандон шудаанд, изҳор дошт, ки қонунгузории соҳа ниёз ба такмилу тағйирот дорад.
Ӯ гуфт, шаҳрвандон бо ширкатҳои сохтмонӣ созиш мекунанд ва маблағро даст ба даст медиҳанд, аммо баъди пайдо шудани мушкил ҳама ба шаҳрдорӣ муроҷиат мекунанд.
“Пешниҳод кардем, маблағҳо ҳама тариқи бонкҳо пардохта шаванд, то кафолат дода шавад. Пулро аз даст ба даст медиҳанд, ҳеч санаде нест, аммо дар охир маълум мешавад, ки ширкат муфлис шудааст”, - изҳор дошт муовини аввали Рустами Эмомалӣ зимни нишасти ахири матбуотӣ.
Афзун бар ин, акнун ширкатҳои сохтусоз барои дарёфти иҷозаи сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва фурӯшгоҳҳо дар Душанбе барои як метри мураббаъ аз 165 то 220 сомонӣ (23,3 доллар) пардохт хоҳанд кард.
Қонуни “Дар бораи пардохтҳои дигар ба будҷа”, ки ҳукумати Тоҷикистон ислоҳи онро пешниҳод кард, аз сӯи намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлисли Олии Тоҷикистон пуштибонӣ дарёфт кард.
Қабл аз тағйири ин қонун, ширкатҳои сохтусоз чунин пардохтро анҷом намедоданд.