ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Русия ба як духтараки гирифтори бемории аутизм аз Примория саги бозёби тиллоранг ҳадя кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кремл.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Дар хабар қайд карда мешавад, ки сагони бозёби тиллоранг барои кӯдакони имконияташон маҳдуд муносиб аст.
"Ин намуди саг барои дармони кӯдакон кӯмак мекунанд. Зеро онҳо зуд ба одам унс мегиранд. Маҳз барои ҳамин сагҳои бозёб барои табобати кӯдакон ҷалб карда мешаванд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Пештар духтарак бо модараш ба раисҷумҳур мактуб навишта, хоҳиш кардаанд, ки президент ба Вероника сагча ҳадя кунад. Ин хоҳиши модару кӯдак беҷавоб намондааст.