Иҷрои амри Президент: қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузории озмуни нав дар Душанбе

© пресс-служба президента ТаджикистанаРахмон и Рустам Эмомали посетили Национальный парк Таджикистана
Рахмон и Рустам Эмомали посетили Национальный парк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи ин қарор шаҳдории Душанбе барои баргузории озмуни дастархонороӣ аз буҷаи шаҳр 9980 сомонӣ ҷудо мекунад

ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузории озмуни нав - Дастархонороӣ дар Душанбе қарори вижа ба имзо расонидааст.

Гуфта мешавад, қарори мазкур "бо мақсади иҷрои амри Президент ва фармоиши кумитаи дин" ба тасвиб расидааст.

Мавофиқи қарор ҳайъати комиссияи шаҳрии озмун муайян карда мешавад ва масъулини шаҳрдории Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор кардани озмун вазифадор мешаванд.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ маблағи 9980 (нуҳ ҳазору нуҳсаду ҳаштод) сомонироба бахши муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ҷудо мекунанд.

Ёдрас мешавем, мобайнҳои моҳи январ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии дастархонороӣ эълон  намуд.

Ташкилкунандагони озмун Кумитаи дин мебошад, ки дар якҷоягӣ бо ҳукуматҳои вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар роҳандозӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, мақсад аз баргузории озмуни мазкур- эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он ва баланд бардоштани маданияти дастархонороии тоҷикон гуфта мешавад.

Озмун дар се давра баргузор шуда, иштирокдорони фаъоли озмун бо туҳфаҳои пуливу молӣ сарфароз гардонида мешаванд. Давраи аввали озмун дар деҳаҳои Тоҷикистон 25 январи соли равон ҷамъбаст шуд.

Лентаи хабарҳо
0