Дар пойтахт “Стратегияи солимии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” баррасӣ шуд

© Министерство здравоохранения РТОбсуждения в министерстве здравоохранения Таджикистана Стратегии "Здоровье населения Таджикистана за 2020-2030 годы"
Обсуждения в министерстве здравоохранения Таджикистана Стратегии Здоровье населения Таджикистана за 2020-2030 годы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони вазорати тандурустии Тоҷикистон ва коршиносони хориҷӣ дар Душанбе “Стратегияи солимии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” баррасӣ карданд

 ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва гурӯҳҳои кории техникӣ доир ба татбиқи консепсияи нави “Стратегияи солимии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”  баррасӣ гардид.

Женщина на улице с ребенком гуляют на улице Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дарси вазорат ба бонувони хатлонӣ: аз тарзи синамаконӣ то риояи беҳдошт

Дар кори ҷаласа Вазири тандурустӣ Тоҷикистон Насим Олимзода, ёрдамчии Вазир Дилором Содиқова, сармутахассис доир ба масъалаҳои стратегии Дафтари аврупоии минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар Шоҳигарии Дания Кристиан Швайзер, ки ҳамзамон роҳбари муваққатии намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон мебошад, инчунин роҳбарону мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.

Зимни ҷаласа Насим Олимзода таъкид намуд, Вазорати тандурустӣ то имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо дар доираи амалисозии стратегияи мазкур ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

“Маҳз ин  дастовардҳо дар раванди таҳияи ҳуҷҷати нави “Стратегияи миллии солимии аҳолӣ барои давраи то соли 2030” ва банақшагирии чорабиниҳои самарабахши минбаъда имконият фароҳам меоранд”, - гуфт Олимзода.

Зимни ҷаласа аз ҷониби ёрдамчии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   Дилором Содиқова доир ба раванди тадбирҳои “Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”  маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамчунин дар ҷамъомад ба иштирокчиён   дар бораи консепсия ва нақшаи фаврии коркарди ин стратегия  маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0