Лавров ва Муҳриддин “Барномаи ҳамкорӣ барои соли 2019”-ро ба имзо расониданд

© © Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел России С.В.Лавров во время подписания документов с министром иностранных дел Таджикистана С.Мухриддином
Министр иностранных дел России С.В.Лавров во время подписания документов с министром иностранных дел Таджикистана С.Мухриддином - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар фарҷоми мулоқот “Барномаи ҳамкорӣ барои соли 2019” миёни Вазоратҳои корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Русия ба имзо расидааст

ДУШАНБЕ, 5 фев – Sputnik. Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ миёни роҳбарони Вазоратҳои корҳои хориҷаи Тоҷикистону Русия – Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.  

Иностранные граждане в очереди на дактилоскопическую регистрацию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Лавров: дигар муҳоҷирон имкониятҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия надоранд

Манбаъ афзудааст, ки зимни суҳбат масоили татбиқи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тарафҳо доир ба идомаи муколамаи созанда ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталиф изҳори омодагӣ намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот “Барномаи ҳамкорӣ барои соли 2019”  миёни  Вазоратҳои корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Русия ба имзо расидааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 4 ва 5-уми феврали соли равон Вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Ӯ бо раисҷумҳри кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои Тоҷикистониаш Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот намуда, якчанд созишнома ба имзо расондааст.  

 

Лентаи хабарҳо
0