Данғара: навзод ва ҷавонзан қурбони бархӯрди “Опел”-ҳо шуданд

© Sputnik / Стас ЭтвешДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ноҳияи Данғара хабар дод, ки дар пайи он Амина Саломатоваи навзод ҳалок гардидааст

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садама 4-уми феврали соли 2019, тахминан соати 18:00 дар роҳи Душанбе – Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дод.

Чиновник выходит из кабинета - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти корманди ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур барои порагирӣ

Манбаъ афзуд, Айниддин Алимардонов, ронандаи 25-солаи “Опел-Вектра” , сокини ноҳияи Темурмалик, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Искандаров Хушнуди 26-сола, сокини ноҳияи Ховалинг, бархӯрдааст. 

“Дар натиҷа, мусофири “Опел-Астра”, хурдсол Саломатова Амина Тоҷиддиновна, соли таваллудаш 2018, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, мусофири дигари автомашинаи мазкур Саломатова Мадина Худойбердиевна, соли таваллудаш 1982, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0