Афви 3 фасодкори пушаймон ва шарҳи барканории Саидзода бо фармони Эмомалӣ Раҳмон

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкШермухаммад Шохиен. Архивное фото
Шермухаммад Шохиен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон фасодкории додрасҳоро мояи нигаронӣ хонда, гуфт тамоми чораҳоро андешида истодаанд, то пеши роҳи қонуншикании кормандони додгоҳҳо гирифта шавад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, мутаассифона даст задан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби додрасҳо ва кормандони дастгоҳҳои додгоҳҳои Тоҷикистон ҷой дорад.

Шермухаммад Шохиён - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳиён дар бораи озодии Зайд Саидов бо тавсияи СММ ва раиси “Умед-88” бо ҷуброни зарар

“Соли 2018 ду судя – раиси суди ноҳияи Айнӣ ва судяи суди шаҳри Ҳисор бо ҳукми Суди олӣ маҳкум шуданд”, - изҳор дошт Шоҳиён.

Ӯ афзуд  кормандони дастгоҳҳои судҳо низ даст ба ҷиноятҳо задаанд, ки бархе аз онҳо бо татбиқи қонуни афв баъзеи дигар бо дигар асосҳо афв шуданд.

Сардори раёсати кадрҳои Додгоҳи олӣ дар ин робита илова намуд, ки соли 2018 кормандони дастгоҳи судӣ ягон ҳукми айбдоркунӣ нагирифтаанд.  

Ӯ шарҳ дод, ки се нафар аз кормандони дастгоҳҳои суд ҷиноят содир кардаанд, аммо парвандаҳо нисбаташон бо татбиқи моддаи 72-и Кодекси ҷиноӣ барои изҳори пушаймонӣ қатъ шудаанд.

Микрофоны на трибуне - Sputnik Тоҷикистон
Тафсилоти суолу ҷавоб бо вазир: аз роҳҳои пулакӣ то нақшаҳои Ҳукумат ва ниҳоди нав дар Чин

Моддаи 72-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби пушаймонӣ аз кирдорро пешбинӣ кардааст.

Зимни нишаст Шоҳиён инчунин қазияи Саидзода Бахтиёрро шарҳ дод, ки охири январи соли равон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барканор шуд.  

“Ин судя ба ҷинояти қаллобӣ даст задааст, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад, барои баррасӣ ба суди олӣ ворид нашудааст, лекин барои содир кардан ин кас бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазифа озод шуд”, - шарҳ дод Шоҳиён.

Лентаи хабарҳо
0