Қатъи фаъолияти се корхона дар Бохтар ва нақша барои соли 2019

© МИД РТЦех по производству пластика, архивное фото
Цех по производству пластика, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абудалим Исмоилзода, раиси шаҳри Бохтар дар мулоқот бо фаъолони шаҳр дар ҳузури Қурбон Ҳакимзода, раиси тозатаъини Хатлон гуфт, соли гузашта дар маркази маъмурии вилоят 3 корхона аз фаъолият мондаанд

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, Исмоилзода зимни мулоқот дар ҳузури фаъолону раиси вилоят гуфт, соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Бохтар фаъолияти 3 корхонаи саноатӣ – “Сантехник”, “Қӯрғонтеппа-сохтмон” ва “Орди Хатлон” қатъ гардид.

Министр транспорта Худоёр Худоёров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазири ҷабрдида аз дағалии ронандаи мусофирбар: чӣ карду ба дигарон чӣ маслиҳат медиҳад?

Раиси Бохтар ин равандро дар ҳоле, ки саноатикунонӣ ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълон гардидааст, мояи нигаронӣ хонд.

Ӯ дар робита ба саноаткунонӣ иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ дар Бохтар 6 корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

“Саноатикунонӣ ҳадафи чоруми кишвар эълон гардидааст, аз ин лиҳоз дар самти сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои саноатӣ бояд бештар кор бурда шавад”, - таъкид намудааст Исмоилзода.

Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон дар нишаст, таъкид дошт, ки рӯз то рӯз дастоварду муваффақиятҳои шаҳри Бохтар бештар мегарданд, аммо ба ин қонеъ нашуда, бояд камбудиву нуқсонҳои ҷойдоштаро бартараф карду ба дастовардҳои бештару беҳтар ноил шуд.

Лентаи хабарҳо
0