Че Гевара дар кӯчаҳои Кобул - навори ҳайратангез

Обуна шудан
Дар Кобул марде зиндагӣ мекунад, ки сахт ба инқилобгари лотиниву амрикоӣ Эрнесто Че Гевара  монанд аст

Почо Хон дар Кобул ҳамчун Че Гевараи афғонӣ машҳур аст, зеро ӯ ба инқлобчии лотиниву амрикоӣ сахт монанд аст.

Ӯ ҳам сарпӯши ситорадор мепӯшад, сигор мекашад ва дар кӯчаҳои Кобул бо ифтихор нивасаворӣ мекунад. Либоси низомӣ ва мӯзаи низомии сиёҳ ҳам ба бар мекунад.

"Бори аввал маро амрикоиҳо ба Че Гевара монанд карданд.Сипас худам ҳам фаҳмидам, ки дар ҳақиқат ба Че Гевара монанд будаам", - мегӯяд вай.

Почо Хон ба омӯзиши шахсияти Че Гевара оғоз мекунад.

"Ӯ воқеан қаҳрамон, озодихоҳ  ва башардӯст буд. Танҳо, ӯ мусалмон набуд. Яке аз хотираҳош чунин аст: рӯзе дар ҳузури Че Гевара як партизан ба ҳаво тир мекушояд. Че Гевара аз ӯ мепурсад, ки барои чӣ тир мекушояд ва силоҳашро кашида гирифта, мегӯяд, ки ҳамон вақт тир хоҳӣ кушод, ки аз душман силоҳ ситонида тавонӣ",  - нақл мекунад Че Гевараи афғонӣ.

Эрнесто Че Гевара инқилобчии лотиниву амрикоист. Че лақаби Эрнесто буд, ки ба решаҳои аргентинии ӯро ишора мекунад.

Лентаи хабарҳо
0