Толибон ба Маскав даъват шуданд

© AFP 2023 / Aref KarimiБывший член движения Талибан с фугасом в руках. Архивное фото
Бывший член движения Талибан с фугасом в руках. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маскав толибонро ба конфронси эътидоли вазъи Афғонистон даъват кард. Дар ин ҳамоиш намояндагони ҳукумат, мухолифин ва дигар ҳизбҳои кишвар низ иштирок хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Намояндагони ҳаракати "Толибон"-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон)  ба конфронси масоили Афғонистон дар Маскав даъват карданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҳамоиш дар мавзӯи танзими вазъ дар Маскав рӯзҳои 5 ва 6-уми феврал баргузор мешавад.

"Албатта намояндагони толибонро низ даъват кардем. Аммо дар бораи иштирок кардан ва ё нокарданашон чизе гуфта наметавонем", - гуфтааст узви диаспора Ахтар Мозаммад Сафӣ.

Выборы в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Як Аҳмадшоҳ мурду садҳо таваллуд шуд: чаро тоҷикони Афғонистон нуфузашонро гум мекунанд?

Вай афзуд, ки даъватнома ба намояндагони ҳукумати Афғонистон, мухолифин, "Толибон" ва тамоми ҳизбҳои кишвар ирсол гардидааст.

"Ба фикри мо, фурсати мусоҳибаи васеи доираҳои гуногуни Афғонистон фаро расидааст. Барои ҳамин дар нишасти рӯзҳои 5 ва 6-уми феврал дар Маскав, намояндагони зиёди ҷамъияти Афғонистон иштирок мекунанд", - афзудааст намояндаи дигари диаспора Муҳаммад Нодир Шоҳ.

Вай изҳори умедворӣ кардааст, ки дар рафти гуфтушунид байни ҷонибҳо ҳамдигарфаҳмӣ ба миён меояд.

Ба нақша гирифта шудааст, ки дар нишаст намояндагнони ҳукумати Афғонистон ва толибон муколама мекунанд.

Конфронс дар Президент-отел баргузор мешавад. Дар он намояндагони Русия, сиёсатмадорон ва фаъолони иҷтимоӣ аз Афғонистон, Эрон, Покистон, кишварҳои ИДМ ва эҳтимол Аврупо иштирок хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0