ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Раҷаб Ашӯрзода, раиси ноҳияи Зафаробод зимни нишасти матбуотӣ эълон намудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар ноҳия сохтмони панҷ майдончаи варзишӣ идома дорад.
Ба гуфтаи вай аз ҷонинби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар соли гузашта 105 мусобиқаи варзишӣ гузаронида шудааст.
Инчунин, варзишгарони ноҳия дар 58 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, соҳиби 91 медали тилло, 100 медали нуқра ва 216 медали биринҷӣ шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки дар ноҳия ҳоло 17 толори варзишӣ, 45 майдончаи варзишӣ, 1 адад варзишгоҳи калон бо ду ҳазор ҷои нишаст ва 1 адад варзишгоҳи хурд бо 750 ҷои нишаст мавҷуд мебошад.