Музди миёнаи кормандони саноат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1255 сомонӣ будааст

© Sputnik / / Игорь ЛекаркинПодсчет денег, архивное фото
Подсчет денег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар самти рушди соҳаи саноат ва таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард, ки дар натиҷа 170 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни нишасти матбуотӣ эълон намудааст, ки дар ноҳия дар ҳоли ҳозир 103 корхонаи саноатӣ фаъолият доштааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Колбасное производство.Участок фаршесоставления - Sputnik Тоҷикистон
Норозигии раисиҷумҳур аз вазъи саноат: кори 107 корхона қатъ шудааст

Бино бар иттилои манбаъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли гузашта дар ноҳия ба 1 миллиарду 146,6 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбати соли 2017 ба миқдори 95 миллион сомонӣ зиёд будааст.

Инчунин Зариф Назирӣ шумораи кормандони соҳаи саноати ноҳияро эълон карда, таъкид кард, ки дар ин соҳа дар ноҳия 2184 нафар ба кор таъмин гардиданд. Музди миёнаи кормандони саноат дар ин ноҳия 1255 сомониро ташкил медодааст.

Дар соли 2018 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард.

Лентаи хабарҳо
0