ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дувумин эстакадаи сесатҳаи Душанберо пеш аз мӯҳлат ба истифода медиҳанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод.
Ба гуфтаи вай, эстакада то охири соли 2019 ба истифода дода хоҳад шуд.
"Тибқи нақша, сохтмони эстакадаи мазкур бояд ду сол идома меёфт, вале Сарвари давлат зимни ифтитоҳи эстакадаи якум, ки дар маҳаллаи 82-юми пойтахт воқеъ аст, ба масъулин супориш доданд, ки то охири соли 2019 онро мавриди истифода қарор диҳанд", - изҳор дошт муовини Рустам Эмомалӣ.
ба қавли вай, муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки дар ҳудуди эстакада ҷойгир шудааст, ба макони дигар кӯчонида шуда, дарахтони ҳудуди сохтмон бурида шуданд. Инчунин ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан тариқи роҳҳои ҳамшафат ба роҳ монда шуд. Ҳоло ҳамкории мо бо масъулини сохтмони ин эстакада идома дорад.
То соли 2040, яъне дар доираи амалишавии Нақшаи генаралии шаҳри Душанбе дар пойтахти мамлакат 20 адад чунин чорроҳаҳои сесатҳа сохта хоҳад шуд.