Дар масҷидҳои Узбакистон барои одамони лолу ношунаво шароит фароҳам меоранд

© Sputnik / Александр Полегенько / Гузариш ба медиабонкМусульманин в мечети, архивное фото
Мусульманин в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар 25 масҷиди Узбакистон дар ҳуҷраҳои махсус барои нафарони имкониятошмаҳдуд монитор гузошта, дар он ҳаракатҳои имомро нишон медиҳанд ва гуфтаҳои ӯро бо забони ишора мефаҳмонанд

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Аз 1 феврал дар 25 масҷиди Узбакистон барои намозгузорони имконияташон маҳдуд ҳуҷраҳои махсус ташкил карда мешавад. Дар ин бора Раёсати мусалмонони Узбакистон хабар додааст.

"Аз 1 феврал дар 25 масҷиди ҷомеъ намози ҷумъаро ба забони ишора баргадон мекунанд", - гуфта мешавад дар хабар.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар яке аз масҷидҳои Тошканд ин таҷриба гузаронида шудааст.

Бино бар иттилои раёсат, акнун нафароне, ки мушкилии ношунавоӣ доранд, дар ҳуҷраҳои махсус ба воситаи монитор ҳаракатҳои имомро дида, зеро он тарҷумаи гуфтаҳои ӯро ба забони ишора мушоҳида карда метавонанд.

Ҳоло дар Узбакистон наздики 2 ҳазор масҷид фаъолият мебарад. Кишвар нақша дорад, дар тамоми масҷидҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд шароит фароҳам оварад.

Аҳолии Узбакистон 32,6 миллионро ташкил дода, тибқи омори расмӣ 94 дар сади аҳолӣ мусалмон мебошанд. 3,5 фисади мардуми кишварро насрониҳои провославӣ ташкил медиҳад. Боқимондаи аҳолӣ ба динҳои дигар тааллуқ доранд.

Лентаи хабарҳо
0