Бақайдгирии "молу амволи" мардуми Хоруғ ба низоми электронӣ гузашт

© © Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкГосударственный флаг Таджикистана в городе Хорог.
Государственный флаг Таджикистана в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корхонаи фаръи давлатии (КФД) “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ба кормандон имконият фароҳам меорад, ки дар зудтарин фурсат тавассути интернет молу мулки шаҳрвандонро ба қайди давлатӣ гиранд

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Бо мақсади дар амал татбиқ кардани барномаҳои махсуси Ҳукумати электронӣ дар шаҳру навоҳии ВМКБ бахшҳои Корхонаи давлатии фаръӣ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” батадриҷ ба низоми нави электронӣ мегузаранд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.

Барномаи мазкурро  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон  дар амал татбиқ менамоянд.

“Ин ба кормандони корхона имконият фароҳам меорад, ки дар зудтарин фурсат тавассути интернет молу мулки шаҳрвандонро ба қайди давлатӣ гирифта ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия намуда, ба дасти онҳо супоранд. Ин барнома шаффофияти ҳисобу китобро дар фаъолияти ҳам КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва ҳам мақомоти андоз ба таври комил таъмин карда,  дар оянда амалҳои корруписониро дар ин ду ниҳоди давлатӣ решакан менамояд”, - гуфтааст директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хоруғ Маснав Саидзокиров.

Дар гузашта шаҳрвандон барои ба қайд гирифтани молу мулки ғайрманқули худ  идора ба идора гашта, баъзан барои ба даст овардани як имзои сардори ин ё он корхона ду-се рӯзро беҳуда сарф мекарданд. Акнун ин ҳама сарсонию саргардониҳо бартараф шуда, шаҳрвандон дар доираи як идора метавонанд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи моликият ба даст оранд.

Ба ибораи дигар,  агар қаблан дар як рӯз  20 ҳуҷҷати бақайдгирии давлатӣ ба шаҳрвандон дода мешуд, ҳоло бо тарзу усули электронӣ дар як рӯз зиёда аз 100 ҳуҷҷату санадҳои шаҳрвандонро ба расмият даровардан мумкин аст.

маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0