ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи мудҳиши шоми 29 январро дар ноҳияи Дарвоз шарҳ додааст, ки дар пайи он 9 нафар, аз ҷумла 5 кӯдак ҳалок гаштанд.
Бино бар иттилои манбаъ, 29 январ тахминан соатҳои 18:45 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Куканиев Арабшо Аҳмадович, соли таваллудаш 1969, сокини деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Қалайхумб-Хоруғ, дар ҷамоати деҳоти Вишхарв аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур 9 нафар ҳалок шуданд.
"Худододов Суҳроб Мамаднабиевичи 41-сола, Маъзамова Бунафша Бороновнаи 44-сола, Маъзамова Маҳина Бороновнаи 29-сола, Абдуллозода Алиҷони Орзӯи 6-сола, Ҷалолова Гуландом Саидраҳмоновнаи 37-сола, Давлатзода Абубакри 7-сола, Давлатзода Нигинаи 6-сола, Давлатзода Усмони 3-сола, Давлатзода Умари 4-сола сокинони деҳаи Курговад ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - менависад ВУД.
Худи ронанда, Куканиев А.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.