Вазорати маориф ҷалби донишҷӯёнро ба "маршировка" манъ кард

© SputnikПразднование Дня Независимости в Душанбе
Празднование Дня Независимости в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати мариф ва илми Тоҷикистон ба роҳбарияти мактабҳову донишгоҳҳои Тоҷикистон супориш додааст, ки хонандагону донишҷӯёнро дигар ба маросимҳои фарҳангиву сиёсӣ ҷалб накунанд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба роҳбарияти донишгоҳҳои кишвар дастур додааст, ки донишҷӯёнро ба истилоҳ "маршировка" ё роҳпаймоӣ ва маросимҳои фарҳангӣ бе иҷозатномаи вижа ҷалб накунанд.

"Ин дастури хаттии вазорат ба тамоми донишгоҳҳои Тоҷикистон ирсол гардид", - гуфтааст сухангӯи вазорати маориф Эҳсони Хушбахт.

Дар Тоҷикистон наздики 10 сол аст, ки ҳангоми таҷлили ҷашнҳои гуногун хонандагону донишҷӯён ба роҳпаймоӣ ҷалб карда мешаванд.

Пештар волидон низ аз ин иқдоми роҳбарияти мактабҳову донишгоҳҳо шикоят мебурданд.

Лентаи хабарҳо
0