ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Овозхони тоҷик Шабнам Сурайё бо сафари ҳунарӣ ба Узбакистон меравад.
“Ба наздикӣ ман аз Узбакистони офтобӣ дидан мекунам. Тасмим гирифтаем 3-4 феврал дар Тошканд консерти калон баргузор намоем”, - хабар додааст ҳофиза тариқи Инстаграм.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Интизор меравад, ки дар ин консерт ҳунарманди узбакистонӣ, писари овозхони номӣ Шералӣ Ҷӯраев - Зоҳиршо Ҷӯраев низ ҳунарнамоӣ мекунад.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Шабнам Сурайё даъват кардаанд, ки дар Самарқанд низ консерт баргузор кунад.
Чанде пеш ин овозхони тоҷик дар Узбакистон дар ҷашнвораи фолклории “Байсун баҳорӣ” баромад карда буд. Ҳунарнамоии Шабнам Сурайёро дар ин ҷашнвора мухлисон хуш қабул карданд.