Пешниҳоди сафири Қирғизистон ба вазири фарҳанги Тоҷикистон

© Министерство культуры РТМинистр культуры Таджикистана Шамсиддин Орумбекзода и Посол Кыргызстана в РТ Джаниш Рустенбеков
Министр культуры Таджикистана Шамсиддин Орумбекзода и Посол Кыргызстана в РТ Джаниш Рустенбеков  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо сафири навтаъини Қирғизистон Ҷаниш Рустенбековро мулоқот анҷом дод

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik.  Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбеков ба Вазири Фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба пешниҳод намуд, ки аҳли фарҳангу санъати ду кишвари ҳамсоя барномаи муштараки фарҳангӣ баргузор намоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати фарҳанги кишвар.

Сироджиддин Мухриддин, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Вузарои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон боз масъалаи марзиро баррасӣ карданд

 Бино бар иттилои манба, масъалаи мазкур зимни мулоқоти сафир бо вазири фарҳанги Тоҷикистон матраҳ шудааст.

“Ҷаниш Рустенбеков пешниҳод намуд, ки баргузории чорабинии муштараки фарҳангӣ бо иштироки аҳли фарҳанг ва санъати вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Баткени Қирғизистон дар давоми сол баррасӣ гардад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин, зимни мулоқот тарафҳо доир ба рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар, васеъ кардани доираи ҳамкориҳо дар соҳаи санъати театрӣ ва мусиқию рақс, ташкили чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ изҳори андеша намуданд. 

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон зикр намудааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари ҳамсарҳад ва дӯст мебошанд ва  барои рушди ҳамкориҳо ҳамаи имкониятҳо вуҷуд доранд.

Лентаи хабарҳо
0