Ором бошед: "Нархи симкорт дар Тоҷикистон ба наздикӣ тағйир намеёбад"

© Sputnik / Стас ЭтвешСим-карта, архивное фото
Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Феълан, ширкатҳои мобилӣ интизоранд, ки комиссияи вижа нархи симкортҳоро муайян мекунаду онҳо мувофиқи он тағйир медиҳанд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, нархи симкорт дар Тоҷикистон ба наздикӣ тағйир намеёбад.

Вай қайд кард, ки ин масъаларо гурӯҳи корӣ то ҳол баррасӣ мекунад ва замоне, ки он хулосаашро пешниҳод мекунад, қарори расмӣ ба тасвиб мерасад.  Ҳоло ширкатҳои мобилӣ натиҷаи кори комиссияро интизоранд.

Ёдрас мешавем, аз 1 январ дар Тоҷикистон қонуни нави истифодаи симкорт амалӣ мегардид, ки мувоиқи он як нафар метавонист танҳо ду симкорт истифода кунад.

Ҳамчунин ба нақша гирифта шуда буд, нархи симкорт ва бақайдгирии он 250 сомонӣ мешавад.

Ин иқдом боиси вокуниши зиёди сокинони Тоҷикистон гардид, ки дар натиҷа пас аз шикоятҳои зиёд раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки то 1 январи соли 2019 нархи симкорт тағйир наёбад ва барои баррасии ин масъала гурӯҳи корӣ ташкил шавад.

Лентаи хабарҳо
0