ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон хонандаи синфи 11, ноболиғи 17-сола ба авбошӣ муттаҳам мешавад. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ШКВД ноҳияи Фархор марди 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дарқад шикоят бурдааст.
Ба гуфтаи вай, 28-уми январи соли 2019, тахминан соати 18:30-дақиқа, ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия, хонандаи синфи 11-уми МТМУ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дарқад бо ӯ вохӯрда, аз сабаби муноқиша се маротиба ба баданаш корд задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
"Далели шайъӣ корди қадшаванда гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад", - афзудааст манбаъ.