Шавкат Шоимзода: тасмим дорем дар соли равон аз Узбакистон гази табии бештар харем

Обуна шудан
Тоҷикистон тасмим гирифтааст аз Узбакистон дар соли равон то 200 миллион метри мукааб газ табиӣ харидорӣ намояд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik.  Ширкати “Тоҷиктрансгаз” воридоти гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистонро чаҳор баробар афзоиш хоҳад дод, иттилоъ додааст зимни нишасти матбуотӣ Шавкат Шоимзода, муовини аввали раиси ширкати “Тоҷиктрансгаз”.

Ба гуфтаи вай, ширкат дар соли равон аз Узбакистон то 200 миллион метри мукааб газ харидорӣ хоҳад кард.

Газозаправочная станция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки Миллӣ: Коҳиши воридоти газ ва ҷаҳиши нархи он таваррумро боло бурд

Инчунин вай таъкид кард, ки ширкатҳои газтаъминкунандаи ду кишвар ба тавофуқ расиданд ва дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти созишномае, ки қарор аст ба имзо расад баррасӣ мешавад.

Шавкат Шоимзода, инчунин таъкид намуд, содироти гази табии  Узбакистон ба Тоҷикистон дубора баъд аз танаффуси шаш сола дар моҳи апрели соли гузашта барқарор шуд.

Вай афзуд, ки дар соли гузашта Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя наздик ба 54 миллион метри мукааб гази табиӣ харидорӣ намудааст.

Дар ҳоли ҳозир, ба гази табии кишвари ҳамсоя даҳҳо корхонаҳои саноатии  Тоҷикистон, аз ҷумла Ширкати Алюминийи Тоҷик ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе  таъмин гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0