ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз боридани борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 4-9 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -4+1 дараҷа мерасад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15, инчунин то 24 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 30-35 ва рӯзона 11-16 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз боридани борон ва дар баъзе ноҳияҳо барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 6-11 дараҷа сардӣ дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрнок шуда, дар охири рӯз боридани борон дар назар аст. Дар баландкӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона -2+3 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.