Наҷоти ҷавонзани 27-сола, ки бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир андохт

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкНа набережной реки Сырдарьи, архивное фото
На набережной реки Сырдарьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз наҷоти ҷавонзани 27-солае хабар дод, ки бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир андохтааст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳодиса шоми 28 январ рух додааст.

Шухрат Улфатов с женой Раджамбо Исоевой - Sputnik Тоҷикистон
Ба Шӯҳрат аз марги зану фарзандаш хабар доданд, ӯ аз ҳуш рафт

“Сокини 27-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз пули куҳна худро ба дарёи Сир андохт. Ин хонум дар як мудати кутоҳ дар гирдоби мавҷи азиму хурӯшони дарё монд, чун маъмулан дар ин қитъа дарё басо пурталотум ҷорӣ мешавад”, - омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Ин ниҳод афзуд, ки наҷотдиҳандагон занро аз марг наҷот дода, замони берун баровардан аз об ӯ дар ҳоли изтиробу ҳарос қарор доштааст.

Ба иттилои КҲФ феълан ҷавонзан дар бемористон бистарӣ буда, мақомоти дахлдор ба таҳқиқи қасди худкушии ӯ машғул мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0