Собиқ омӯзгори забони англисӣ раиси ноҳияи Айнӣ шуд

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд нимаи дуюми 28 январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, раиси нав Муродзода Муқим Қаюмро муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси Суғд, Муродзода Муқим Қаюм дар мақоми раиси ноҳияи Айнӣ, Раҳматуллозода Неъматуллоро иваз кард, ки бо сабаби гузаштан ба кори дигар барканор шудааст.

Эмомали Рахмон на заседании правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Ҷузъиёти тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати марказӣ, шаҳри Душанбе ва навоҳӣ

Манбаъ афзуд, зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки Муродзода Муқим Қаюм 23 феврали соли 1970 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Ӯ соли 1993 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси омӯзгори фанни забони англисӣ хатм намудааст.

Дафтари матбуоти раиси Суғд афзуд, Муқим Муродзода фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи рақами 19 оғоз карда, сипас дар вазифаҳои мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Айнӣ ва аз июни соли 2017 то ҳол дар вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ фаъолият доштааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба собиқ раиси ноҳияи Айнӣ, Раҳматуллозода Неъматулло изҳори сипос намуда, дар назди роҳбарияти нави ноҳия барои тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ вазифаҳо гузоштааст.

Лентаи хабарҳо
0