Мавқеи Тоҷикистон миёни кишварҳои фасодзада

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры и монеты разных стран
Денежные купюры и монеты разных стран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар “Намояи (индекс) дарки коррупсия” аз 100 холи дар назар буда танҳо ба 25-тояш соҳиб гаштааст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Созмони ғайридавлатии Transparency International “Намояи (индекс) дарки коррупсия ва ё ришва”-ро барои соли 2018 пешниҳод кардааст, ки дар он Тоҷикистон аз 100 холи дар назар буда соҳиби 25 хол гаштааст.

🔴 OUT NOW! We analysed 180 countries to see how they scored in the fight against #corruption. Check out your country’s score now! #CPI2018

Дар ин ҳол Русия аз 100 холи дар назар буда 28 хол ба даст оварда миёни 180 кишвари дунё дар ҷойи 138-ум қарор гирифтааст.

Бояд гуфт, ки дар соли 2018 мавқеи Тоҷикистон каме боло рафта, аз 21 холи соли 2017 ба 25 хол расидааст.  

Дар ин намоя аз ҳама холи бештар Дания ва Зеландияи Нав – 88 ва 87 холи ба даст овардаанд. Яъне дар ин кишварҳо сатҳи фасодзадагӣ ва ё порагирӣ хеле кам ба мушоҳида мерасидааст.

Дар ин намоя аз ҳама холи кам Сомалӣ – 10 хол ба даст овардааст. Дар ҷойи дуюм аз рӯи фасодзадагӣ бо гирифтани 13 хол Судани Ҷанубӣ ва Сурия қарор гирифтаанд.

Дар маърӯзаи ин ниҳод омадааст, ки муқобилият нишон дода натавонистани кишварҳо бо фасод метавонад "кризиси демократиро" дар дунё пиёда кунад. Аз рӯи маълумотҳои ба даст овардаи ин ташкилот бисёр кишварҳо то ҳол наметавонанд дар муқобили коррупсия амалҳои лозима нишон диҳанд.   

Лентаи хабарҳо
0