Дар Душанбе маркази намоишгоҳи байналмилалӣ месозанд

© SputnikОбзор на город Душанбе, строящийся дом
Обзор на город Душанбе, строящийся дом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба маълумоти пешакӣ барои сохтмони намоишгоҳ 200 миллион сомонӣ (наздик ба 21 миллион доллар) лозим мешавад

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар Душанбе маркази намоишгоҳи байналмилалии дорои 22 табақа месозанд, гуфт раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода.

Вай қайд кардааст, ки дар сохта ба истифода додани ин бино аз ҳама бештар ширкатҳои чинӣ ва ҳиндӣ рағбати зиёд доранд. Ба маълумоти пешакӣ барои сохтмони намоишгоҳ 200 миллион сомонӣ (наздик ба 21 миллион доллар) лозим мешавад.

Холм Височица над городом Високо - Sputnik Тоҷикистон
Ба сокинони Душанбе бунёди манзил дар талу теппаҳоро мамнӯъ карданд

Мақсад аст марказ дар рӯ ба рӯи автовакзали Душанбе дар ҳудуди 5 гектар бино карда шавад.

Ба гуфтаи Аҳмадзода ошёнаи аввали Бино аз ду толори намоишии калон иборат буда, ошёнаҳои дигар барои ҷойҳои кории ширкатҳои дихилаю хориҷӣ, меҳмонхона ва дигар инфрасохиторҳо сохта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод чанде пеш бунёди хонаҳои истиқоматиро дар талу теппаҳои атрофи Душанбе мамнӯъ карда буд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, пас аз васеъ кардани ҳудуди Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои бо пойтахт ҳамсарҳад қарор карда шуд, ки дар Душанбе бунёди манзил дар талу теппа мамнӯъ шавад.

Яке аз далелҳои манъ кардани бунёди манзили истиқоматӣ дар теппаҳо ноустувории замини он мебошад, ки барои бунёди манзил пешбинӣ нагардидааст.

Қарор аст дар ин заминҳо боғҳои нав бунёд карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0